Ёдрас менамоем, нимаи моҳи май як ҷавони маҳаллӣ аз рустои Пистамазори ҳамин ҷамоат бо номи Мирзо Бобоев аз ҷониби афғонҳо дуздида шуда буд. Бародари хурди Мирзо, Бозор Бобоев дар як сӯҳбати телефонӣ ба журналистон гуфтааст, ки афғонҳои одамдузд бо хешовандони марди рабудашуда дар алоқа шуда, озодгардонии ӯро бар ивази 20-ҳазор доллари амрикоӣ кафолат додаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар шӯъбаи корҳои дохила дар ин бора ба мо маълумоте надоданд. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи корҳои дохила полковник Шариф Наимов, ин чунин ҳолатҳо нисбати ашхосе рух медиҳад, ки дар гузашта бо қочоқчиёни афғон дар ҳамкорӣ будаанд.
Амирхон Икромов, раиси ноҳияи Шӯрообод ба «Озодагон» гуфт, аз аввали сол инҷониб 5 ҳолати ба гарав бурдани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби қочоқчиёни афғон ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоли ҳозир бошад, 2 сокини ноҳия ҳанӯз дар гарави афғонҳо боқӣ мондаанд.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |