Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:43

Таҳрим алайҳи Эрон доди амрикоиҳоро даровард

26 март 2012, 08:45

Идомаи раванди боло рафтани нархи бензин ва дигар навъи сўзишворӣ дар Амрико боиси афзоиши хашму нигаронии шадиди мардуми ин кишвар гаштааст.


Бино ба гузориши Ройтерс хеле аз хонаводаҳои амрикоӣ ба далели афзоиши рўзафзуни нархи сўзишворӣ ва боло рафтани харҷи сафар барномаҳои мусофирати худро лағв мекунанд. Моҳигирон низ бештари даромади худро барои хариди бензин сарф мекунанду суди камтар ба даст меоранд.

Бархе аз мардум ва сиёсатмадорони Амрико раиси ҷумҳури ин кишвар Борак Обамаро омили аслии афзоиши қимати сўзишворӣ медонанд. Охирин назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки 85 дар сади ҷавонони амрикоӣ бар ин боваранд, ки раиси ҷумҳур ва конгресси ин кишвар барои назорати қимати бензин бояд иқдоми фаврӣ ва асосӣ анҷом диҳанд. Моҳи гузашта низ дар назарсанҷии «Асошейтедпресс» 71 дар сади мардуми Амрико бар хеле боло будани қимати бензин таъкид доштанд. Бархе аз мардуми Амрико бар ин боваранд, ки таҳдиди Эрон дар бораи бастани Тангаи Ҳурмуз дар Халиҷи Форс, ки яке аз асоситарин роҳи таъмини сўзишворӣ барои Ғарб ва Амрикост, таъсири зиёде ба боло рафтани қимати сўзишворӣ дар Амрико доштааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!