Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Аҳмадинажод: НАТО бояд дар зудтарин фурсат аз Афғонистон ихроҷ шавад

26 март 2012, 09:34

Президенти ҷумҳурии исломии Эрон дар ин бора имрӯз, 26-уми март зимни суханрониаш дар ҳамоиши панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ дар умури Афғонистон (RECCA-5) дар шаҳри Душанбе иброз дошт.


Доктор Аҳмадинажод гуфт: "Барои ҷуброни хисороти ворида аз ноҳияи низомиёни хориҷӣ ба муддати 10 сол солона фақат 25 дар сад хазинаи ҳузури низомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ва ё фақат 5 дар сад буҷаи низомии кишварҳои узви НАТО дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор бигирад». Ӯ ҳамчунин гуфт, ки хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон барои таъмини истиқлоли ин кишвар замина фароҳам хоҳад сохт.

Маҳмуди Аҳмадинажод дар идомаи суханрониаш афзуд: "Бидуни ҳар гуна таҳмил ва дахолати бештар иҷоза диҳанд, давлат ва миллати Афғонистон ҳокимияти миллии худро ба таври комил эъмол намоянд. Мутмаин бошанд, бо рафтани онҳо ҷараёни маводди мухаддир ва терроризм ҳам рӯ ба завол хоҳад рафт. Бидуни тардид, давлати Афғонистон ва мардуми афғон қодиранд давлати худро ба хубӣ идора кунад.

Президенти Эрон сабаби аслии бӯҳрони Афғонистонро "сиёсатҳои тавсеъаталабонаи НАТО ва давлатҳои узви он» маънидод карда гуфт, то замоне ки ин сиёсатҳо барқарор аст, ислоҳи вазъ мушкил хоҳад буд. Аҳмадаинажод аз давлатҳои узви НАТО, бавижа Амрико  даъват кард, ки аз "сиёсати хасмона"-и худ алайҳи миллатҳо даст кашанд:"Ин ба нафъи худи онон аст. Давраи имперотуриҳо ба поён расидааст. Касоне, ки аз таърих ибрат нагирифтанд, муҷозот хоҳанд шуд."

Тибқи иттилои расида, асное ки Маҳмудинажод ин ҳарфҳоро ироа дошт, намояндагони ҳайати амрикоӣ таҳти сарварии Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷаи ИМА ҳамойишро тарк карда, пас аз анҷоми суханронии ӯ ба толор баргаштанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!