Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:17

Мавзуна Чориева имкони дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012-ро дорад

26 март 2012, 10:48

Муштзани маъруфи кишвар Мавзуна Чориева, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё гардид.


Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мусобиқаи қитъавӣ аз 16-ум то 26-уми март дар пойтахти Муғулистон -- шаҳри Улан-Батор баргузор шуд: «Мавзуна Чориева, ки ду соли пеш дар пойтахти Қазоқистон --  шаҳри Остона барои бори аввал ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд, ин дафъа дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило мақоми дуввумро ишғол кард.
Манбаъ афзуд, бону Чориева дар даври аввал бар рақибаш Оҳ Юнжӣ аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 12:11 пирӯз шуд. Пас аз ин, варзишгари муғул Ойингерел Сувд-Йерденро бо ҳисоби 26:16 шикаст дод. Дар даври ниманиҳоӣ бошад, бар Ким Йонг Хӣ аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 9:5 ғолиб омад.

Мутаасифона, Мавзуна дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи Ҳиндустон Дева Лайшрам Сарита бо ҳисоби 9:16 мағлуб гашт. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, онҳое, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон дар се вазн - 51, 60 ва 75 кило ҷойҳои аз якум то ҳаштумро мегиранд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 мешаванд ва Мавзуна Чориева имкони хуби ба даст овардани роҳхати олимпиро дорад

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!