Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:12

Ҳалокати 17 низомии австралиягӣ дар Афғонистон

26 март 2012, 13:34

Дар вилояти Урузгони Афғонистон дар натиҷаи як ҳамлаи интиҳорӣ 17 низомии австралиягӣ кушта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки чанд соат қабл як сарбози артиши миллии Афғонистон дар маркази вилояти Ҳилманд ба сӯи низомиёни инглисӣ тирандозӣ кард, ки дар натиҷаи он ду сарбози бритониёӣ кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуданд. Расонаҳои хабарӣ ба нақл аз манобеи амниятии вилояти Урузгон гузориш додаанд, ки ин 17 низомии австралиягӣ дар минтақаи Чураи ин вилоят ба халокат расиданд. Дар минтқаи мазкур пойгоҳи низомиёни австралиягӣ ҷойгир будааст ва ин низомиён ҳангоме ки аз пойгоҳ мехостанд берун раванд, ба ҳамлаи интиҳорӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ба дунболи беэҳтиромӣ нисбати Қуръони Карим дар як пойгоҳи низомии амрикоиҳо дар Афғонистон ва куштори бераҳмонаи 17 нафар афғонӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ, ҳамла алайҳи низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон рӯз аз рӯз бештар шиддат мегирад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!