Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:54

Намояндагии Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад

27 март 2012, 04:41

Аснои мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ аз густариши ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо ҳиссаи Бонки Исломии Рушд мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии он  264 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президенти ҶТ, таваҷҷӯҳи аслӣ ба афзоиши минбаъдаи сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоию гуманитарии Тоҷикистон зоҳир карда шуд.Барои тавсиаи бештари ҳамкорӣ ифтитоҳи намояндагии Бонки Исломии Рушд дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти 38-уми солонаи Шӯрои Мудирони Бонки Исломии Рушд, ки соли 2013 бояд дар Тоҷикистон баргузор шавад ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!