Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:33

Арабистони Саъудӣ аз назари бекорӣ дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст

27 март 2012, 06:23

Натиҷаи таҳқиқоте, ки бузургтарин пойгоҳи корёбӣ дар Ховари Миёна анҷом дода, нишон медиҳад, ки беш аз 1,1 миллион нафар дар Арабистони Саъудӣ дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд.

Бино ба иттилои пойгоҳи хабарии «Алтағйир» бузургтарин бунёди корёбии Ховари Миёна мавсум ба «Баёт» ба дунболи таҳқиқоте, ки анҷом дода, эълон кард; дар Арабистони Саъудӣ беш аз як миллиону 124 ҳазор нафар бекор ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «Алҳаёт» менависад, ки тайи ду рӯзи гузашта 160 ҳазор омӯзгори арабистонӣ нисбат ба шароити кории худ ва мушаххас набудани вазъияти ба кор қабул шуданашон дар Вазорати маорифи ин кишвар муқобили бинои Вазорати хадамоти маданӣ дар Риёз пикет баргузор карданд.

Ҳамчунин, беш аз 150 донишҷӯи духтари фориғуттаҳсил аз донишгоҳҳои ин кишвар дар баробари сохтмони Вазорати омӯзиши олии Арабистон дар шаҳри Янбаъ гирдиҳам омада ба набуди фурсатҳои корӣ барои онҳо дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ва хусусӣ эътироз карданд.

Бар асоси омори расмӣ аз ҷамъияти 28 миллион нафарии Арабистони Саъудӣ, ки 8 миллиони онро хориҷиҳо ташкил медиҳанд, беш аз 12 дар сад бекор ҳастанд, ки аз ин ҷиҳат дорои болотарин мизони бекорӣ дар ҷаҳон мебошад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!