Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:35

Раиси МН-и Тоҷикистон дар Алма-Ато

27 март 2012, 09:20

Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Алма-Ато сафар кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии МН, райиси палатаи поёнии парлумони кишвар дар доираи боздидаш бо раиси парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон А.Ш Жээнбеков, раиси Сенати парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон К. А. Мами ва раиси палатаи поёнии парлумони ин кишвар Н.З. Нигматулин, ҳамчунин дигар ашхоси баландмақоми ИДМ ва Русия мулоқот кард.

 

Манбаъ афзуд, оқои Зуҳуров нахуст ҳамтоёни худро бо 20-умин солгарди таъсисёбии Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик гуфта, аз ҷумла иброз намуд, ки боиси сарфарозии мост, ки муддати 20 сол мо дар паҳлӯи ҳамдигар фаъолият намуда, ҳамеша аз мавқеъҳои муштараки кишварҳои иттиҳоди мазкур пуштибонӣ менамоем.

Аснои суханронии худ Шукурҷон Зуҳуров дар ин нишаст гуфт, Ассамблеяи Байнипарлумонии Давлатҳои аъзои ИДМ дар системаи муносиботи байнипарлумонии байналмилалӣ ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил гардидааст ва ман умедвор ҳастам, ки гиромӣ доштани 20-умин солгарди ин созмон, натанҳо обрӯ ва нуфузи ниҳоди моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардорад, балки раванди устувореро дар рушду равнақи парлумонҳои кишварҳои аъзои он ба вуҷуд хоҳад овард.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ, имрӯз, 27-уми март бо Раиси Луи Ҷиргаи Ассамблеяи Миллии Давлати Исломии Афғонистон Абдулло Рауф Иброҳимӣ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Афғонистони ҳамсояи худ ҳамеша ҳамчун кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабон боқӣ хоҳад монд ва аз мавқеи ин кишвар дар ҳамаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ҷонибдорӣ хоҳад кард:

«Тоҷикистон ҷонибдори барқарории сулҳу суботи комил дар Афғонистон буда, хостори пешрафтҳои чашмрас дар ин кишвари ҳамсоя ва ҳамзабони худ аст

-Мавзӯҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди қочоқи маводи мухаддир аз масъалаҳои дигари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров ва Абдулло Рауф Иброҳимӣ буданд, -афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!