Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Сурия бо тарҳи Кофе Анан розӣ шуд

27 март 2012, 11:15

Манбаъҳои хабарӣ аз мувофиқати дапвлати Сурия бо тарҳи шашмарҳилаии намояндаи Иттиҳодияи араб ва Созмони милал дар умури Сурия хабар медиҳанд.

Шабакаи ПрессТВ чанд лаҳза пеш эълон кард, ки давлати Сурия ба тарҳи шашмарҳилаии Кофе Анан барои поён додани буҳрон дар ин кишвар мувофиқат намуд.

Кофе Анан ҳангоми сафари серӯзааш ба Русия бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Димитрий Медведев ва вазири хориҷаи он Сергей Лавров мулоқот ва тарҳи сулҳи шашмарҳилаии худро пешниҳод намуд, ки Русия онро пуштибонӣ кард.

Пеш аз ин талошҳои Амрико ва чанд кишвари дигари ғарбӣ барои фишор овардан ва таҳримҳо эълон кардан алайҳи давлати Сурия аз сӯи Русия ва Хитой ба мухолифат рӯ ба рӯ шуда буд. Маскаву Пекин таъкид доштанд, ки роҳҳои пешниҳоднамудаи ғарбу Амрико барои бартараф намудани буҳрони ҷорӣ дар Сурия ҷонибдорӣ аз як тараф аст ва лизо қобили қабул нест.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!