Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:02

Нишасти матбуотии вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон

27 март 2012, 11:23

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Зулмай Расул, зимни натиҷагирӣ аз кори нишасти панҷуми RECCA, онро муҳим арзёбӣ карданд.

Вазири умури хориҷии Афғонистон Зулмай Расул зикр кард, ки дар ин конфронс 17 пружаи мушаххас  мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки пружаи машҳури CASA-1000, сохтмони роҳҳои минтақаӣ ва хатти интиқоли барқ, хати лулаҳои газӣ аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мераванд.

Ба ин суол, ки оё суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури исломии Эрон дар тасмимгириҳои ин нишаст таъсир дошт ё хайр, Зулмай Расул ва Ҳамроҳхон Зарифи изҳор доштанд, ки Эрон аз ҳама қарорҳои ин конфронс пуштибонӣ кард ва омодагии худро барои татбиқи ин тарҳҳо эълон намуд.

Ҳамроҳхон Зарифи изҳор дошт, ки «натиҷаи муҳими конфронси мазкур қабул шудани санади ниҳоии он - Эъломияи Душанбе-2012 мебошад».  Ӯ илова намуд, ки Эъломияи Душанбе ба ҳайси қадами навбатӣ дар пешбурди раванди ҳамкориҳои минтақавӣ ва барқарорсозии сулҳу субот, эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон ва рушди минтақа саҳмгузор хоҳад буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!