Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:55

Радиои «Пайванд» дар Хуҷанд ба пахши барномаҳо оғоз мекунад

27 март 2012, 12:14

Дар шимоли кишвар боз як радиои мустақил рӯи мавҷи кӯтоҳ ба таври тестӣ (санҷишӣ) ба фаъолият шурӯъ кард.

Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии хабаргузории Озодагон ин шабакаи радиоӣ “Пайванд” ном дошта,  марбут ба телевизиони мустақили СМ-1 аст, ки аз соли 1998 дар шимоли Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Бино ба гуфти манбаъ,  Акрам Ӯрунов, мудири ин шабака иброз доштааст, ки  озмоиши пахши барномаҳои радиои “Пайванд” рӯи мавҷи 100,6  сурат мегирад ва барои кор дар ин шабакаи нав ҳудуди 20 нафар ҷалб хоҳанд шуд.

Маврид ба ёдоварист, радиои «Пайванд»  аз 16 апрел ба пахши барномаҳояш, ки 18 соат дар шабонарӯз хоҳад буд, шурӯъ мекунад, дар айни ҳол дар Хуҷанд рӯи мавҷи FМ 5 радио барнома пахш мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!