Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:03

Ҷӯрабек Охуновро аз боздоштгоҳ ба бемористон интиқол доданд

27 март 2012, 12:47

Раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" аз боздоштгоҳ ба бемористони рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ интиқол шуд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Ҷӯрабек Охунов ба хабаргузории Озодагон гуфт, айни замон вазъи саломатии зерҳимояааш бад шудааст, аз ин рӯ ӯро ба касалхонаи равонбеморон (воқеъ дар маҳаллаи Кӯктош) интиқол додаанд. Қудратов афзуд, ахиран Ҷӯрабек Охунов ба ноҳияи Рӯдакӣ, ба бемористони касалиҳои равонӣ мунтақил шуд. Тӯли як моҳ бояд духтурон сабаби бемории Охуновро мушаххас созанд ва ба додгоҳ санади расмие ирсол кунанд».      Гуфта мешава, агар ниёз ба табобати Охунов бошад, то замони анҷоми он, мурофиаи додгоҳӣ ба таъхир меафтад.

Ёдрас менамоем, Ҷӯрабек Охунов, раҳбари ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" моҳи октябри соли 2010 боздошт шуд. Мурофиаи додгоҳии ӯ моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта, баррасии парвандаи ӯ то имрӯз идома дошт. Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Охунов парвандаи ҷиноиро бо иттиҳоми  қаллобӣ ва ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон  ва фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ боз карда буд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!