Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:05

Ориёно ҷавонони ҷаҳонро дар Душанбе интизор аст

28 март 2012, 04:55

«Наврӯзи ҷавонони ҷаҳон».

Таҳти чунин унвон фардо, 29-уми марти соли равон дар Маркази фарҳангии ҷавонони мавсум ба  «Ориёно» чорабинии фарҳангӣ баргузор хоҳад шуд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ин чорабинӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз доир мегардад.

Манбаъ афзуд, дар назар аст, ки дар он масъулини кумита, ҷавонони кишвар ва намояндагони ҷавонони кишварҳои хориҷа ширкат намоянд. Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ бо мақсади татбиқи санаду қарорҳои ҳукумат дар самти танзими ҷашну маросими мардумӣ ва дастгирии иҷтимоии ятимону бепарасторон маросими хатнасури кӯдакон, тӯйи хонадоршавӣ аз оилаҳои ниёзманд  сурат мегирад.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!