Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 14:16

Дар минтақаи марзии Саразми Панҷакент бозори сарҳадӣ ба фаъолият оғоз намуд

28 март 2012, 05:14

Дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд боз як маркази тиҷоратӣ дари худро ба рӯи сокинон боз кард.

Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон аз шимоли кишвар иттилоъ дод, бахшида ба иди Наврӯзи ҷаҳонӣ «бозори сарҳадӣ» дар  ҷамоати деҳоти Саразм, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбакистон ҳамсарҳад аст, ба истифода дода шуд.

Бояд гуфт, ки «Бозори сарҳадӣ» бо маблағгузории барномаи СММ ва иттифоқи ҷамъияти матлуботи ҷумҳурӣ ба маблағи 200 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ҳамин ҳол, як қисмати бинои таваллудхонаи марказии шаҳр бо маблағгузории 103 ҳазор доллари ИМА аз тарафи сафоратхонаи Ҷопон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!