Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

Вокуниши парлумони Афғонистон ба изҳороти президенти Эрон

28 март 2012, 10:37

Парлумони Афғонистон ба суханони раисҷумҳури Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, ки дар «Панҷумин иҷлоси ҳамкориҳои иқтисодии Афғонистон» дар Душанбе иброз дошт, вокуниш нишон дода, онро «ғайримасъулона» хонданд.

Маҳмуд Аҳмадинажод дар ин изҳороти хеш аз ҳузури нерўҳои низомии Амрико ва ҳампаймонҳояш дар Афғонистон ба шиддат интиқод намуда, гуфт: «Ҳузури нерўҳои НАТО дар сарзамини Афғонистон ба хотири мубориза алайҳи терроризм баҳонае беш нест ва сабабгори аслии нооромиҳо дар ин минтақа худи ин низомиён ҳастанд».

«Reuters» дар ин бора навиштааст, ки баъзе аз аъзои маҷлиси намояндагони афғон ин изҳороти Аҳмадинажодро «мудохилаи ошкоро» дар умури дохилии ин кишвар шуморидаанд. Аз ҷумла, гурўҳи парлумонии «Ислоҳ ва адолат», ки бо интишори эъломияе ин изҳоротро маҳкум намуда, аз вазорати умури хориҷаи кишвар талаб кардаанд, ки эътирози худро дар ин бора ба ҳамтоёни эронияшон иброз намоянд.

Ёдовар мешавем, ки «Панҷумин иҷлоси ҳамкориҳои иқтисодии Афғонистон» рўзи 25-март дар Душанбе баргузор гардида, дар он сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва намояндагони беш аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд,

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!