Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:46

Даргузашти президент Багапш дар Маскав

30 май 2011, 04:41

Президенти ҷумҳурии Абхозистон Сергей Багапш дар яке аз бемористонҳои Маскав аз дунё даргузашт.

Тибқи иттилои хабаргузориҳои Русия, Сергей Багапши 62-сола пас аз як ҷарроҳӣ, ки рӯзи 21-уми майи соли равон аз сар гузаронд, бо гузашти чанд рӯз фавтидааст.

Сергей Багапш 4-уми марти соли 1949 дар шаҳри Сухумии Гурҷистон ба дунё омада, донишкадаи кишоварзиро бо тахассуси агроном хатм кардааст. Ӯ дар моҳи январи соли 2005 дар интихоботи президентии Абхозистон пирӯз гардида, то дами маргаш ин масъулиятро ба дӯш дошт. Ҳоло Александ Анкваб иҷрокунандаи вазифаи президенти Абхозистон аст.

Маврид ба ёдоварист, Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ дар ибтидои солҳои 1990 аз Гурҷистон ҷудо шуда, ба таври доимӣ аз пуштибонии Кремл бархӯрдор буданд. Пас аз ҳаводиси моҳи августи соли 2008, ки миёни Гурҷистон ва Русия сардии муносибот ба вуҷуд омад, Маскав Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро расман ба ҳайси давлатҳои мустақил эътироф кард.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!