Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

Сафиалло Девонаев ва Уилиям Дейси Свинг меморандуми ҳамкорӣ имзо карданд

29 март 2012, 05:03

Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Уилиям Дейси Свинг, сарвари кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) мулоқот намуд.


Тавре аз маркази матбуотии Хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан вазифаҳои асосии СМБ, ро ки дар низмономаи он дарҷ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор додаанд. Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират минатдории худро роҷеъ ба ҳамкориҳои хубу самараноки ҳар ду ҷониб иброз дошта, аз таъсиси сохтори алоҳида дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ истиқбол намуд. Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш миёни Хадамоти муҳоҷират ва СМБ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида  шуд. Сафиалло Девонаев аз созишномаҳое, ки то кунун ба кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Русия ба имзо расидаанд, ёдовар шуда, иборз доштааст, ки бо давлати Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо вазорату идораҳо муваофиқа карда шуда, ба ҷониби кишварҳои зикршуда иросол гардидааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!