Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 июл 2017, 16:50

Ташаннуҷи авзои ҷаҳони араб дар меҳвари сӯҳбати сафири Тоҷикистон ва Яман қарор гирифт

29 март 2012, 05:37

Абдулмаҷид Достиев, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Ҳасан Муҳаммад Ал-Раи, сафири ҷумҳурии Яман дар Русияро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Озодагон» аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Яман, гузаштаву имрӯзи сатҳи робитаҳо, будубоши шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Яман табодули назар сурат гирифт. Зимни сӯҳбат сафири Тоҷикистон аз таърихи тамосу робитаҳои дуҷониба ва муштаракоти таърихию фарҳангӣ, аз даврони шӯравӣ ва фаъолияти мутахассисони тоҷик дар Яман, бахусус, шифокорону тарҷумонҳо ёдовар шуд. Ҳангоми дидор, авзоъ дар Яман, бо дарназардошти гирудор ва нооромиҳои маълум дар он кишвар ва дастёбии ахири ҷонибҳои мухолиф ба созиш, аз мавзӯҳои меҳварии сӯҳбат қарор гирифт.

 

Сафири Тоҷикистон аз нигаронии ҷомеаи тоҷикистониён дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар ҷаҳони араб, аз ҷумла дар Яман хотирнишон шуда, ҳамзамон, бо хушнудӣ аз поён ёфтани хушунату даргириҳо ва ба тавофуқ расидани ҷонибҳои мухолиф дар Яман, таъкид ба амал овард.

Ҳасан Муҳаммад Ал-Раи перомуни раванди баҳамойӣ дар Яман, аз ҷумла, ҷузъиёти давраи гузариш, президенти нави Яман интихоб шудани Абдрабӯҳ Мансур Ҳодӣ, дарки зарурати сулҳу ваҳдат аз сӯи пешвоёни ҳизбҳои гуногуну аҳли ҷомеа, инчунин, душвориҳои мавҷуда, аз ҷумла, мушкили иқтисодӣ дар кишвар ва қатъияту талошҳои фарогир барои беҳбудсозии фазои кору зиндагӣ изҳори андеша намуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!