Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Бо амри президент дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ситодҳои огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ таъсис мешавад

29 март 2012, 06:32

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо аъзои ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат, масъулони дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба обхезию дигар офатҳои табиӣ ва вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ, таъмини кишоварзон бо техникаю механизмҳои зарурӣ, тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад. Аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва барои тирамоҳу зимистони оянда фаровон захира кардани неъматҳои моддӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар робита ба эҳтимолияти баланди фурӯд омадани тарма ва ярч, обхезиҳои баъди обшавии барфи беандоза зиёди имсола ва боронҳои шадиди баҳорӣ дастур дода шуд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситодҳои омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шаванд. Таъкид гардид, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ воситаҳои ахбори омма ва дигар имконоти мавҷуда бояд васеъ ҷалб шаванд.
Вобаста ба гармшавии тадриҷии ҳаво, зиёдшавии оби дарёҳо ва дар рӯзҳои наздик кам шудани маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ дастур шуд, ки корхонаҳои саноатӣ баъди бемаҳдудият гирифтани нерӯи барқ корро шабонарӯзӣ, дар се баст ташкил намуда, истеҳсоли маҳсулотро афзун созанд.

Дар ин бора ба «Озодагон» аз хадамоти матбуотии президент хабар доданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!