Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:26

Як километр нақб барои ғорати мағозаи ҷавоҳирот

29 март 2012, 08:52

Пулиси шаҳри Ачиреал (музофоти Катанияи Ситсилия) чор нафарро боздошт кардааст, ки зери замин ба масофаи як километр нақб кофтаанд.


Онҳо қасд доштаанд аз тариқи ин нақб мағозаи ҷавоҳиротро, ки дар маркази шаҳр воқеъ будааст, ғорат намоянд.

Марио Каталанои 43 сола, Марио Лантсароттии 48 сола, Розарио Албикоккои 22 сола ва Салваторе Грассои 38 сола нақби яккилометриро ҳамагӣ давоми як моҳ кандаанд. Барои амалӣ кардани нақша ҳамагӣ чанд метри дигар монда будааст.

Тафтиши ҳодиса замоне оғоз шудааст, ки роҳгузарон ба пулис хабар додаанд, ки аз чоҳи зеризаминӣ ду нафар шахси шубҳанок берун омадаанд. Ихтиёриёни гурӯҳи наҷоти кӯҳнавардон ва ғоршиносон аз тариқи чоҳ ба поён фуромада онҷо таҷҳизоти зиёди барои кандани кӯҳпораҳоро дарёфт кардаанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!