Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 15:41

Ҳомид Карзай: Маҳбусони бегуноҳ бояд раҳо шаванд

29 март 2012, 09:13

Раисҷумҳури Афғонистон ба мақомоти пулис дастур дод, ки зиндониёни бегуноҳро аз зиндонҳо озод намоянд.

Ба иттилои дафтари матбуотии президенти давлати исломӣ Ҳомид Карзай  генерал Ғулом Форуқ Боракзайро сарфармондеҳи пулиси низомӣ ва масъули интиқоли зиндони Багром ба ҳукумати Афғонистон таъин намуда, фармон додаст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти марбута баъди таҳқиқу баррасӣ маҳбусони бегуноҳро раҳо созанд.

Зимнан, Ғулом Форуқ Баракзай низ аз эътимоди раисҷумҳури кишвар ибрози сипос намуда, ваъда додаст, ки минбаъд дар маҳбаси Багром бо зиндониён рафтору бархурди инсонӣ сурат хоҳад гирифт.

-Мо инро собит хоҳем кард, ки афғонҳо худ метавонанд масъулияти кишварашонро бар дӯш гирифта, тамоми корро муваффақона пеш баранд,-гуфтааст генерали афғон.

Гуфтанист, тибқи аҳдномаи тасвибшуда маҳбаси Багром тайи шаш моҳи дигар  бояд ба таври комил ба ихтиёри ҳукумати Афғонистон вогузор шавад. Ҳоло ин зиндон таҳти назорати нерӯҳои НАТО қарор дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!