Бахшҳо

Прокурори генералӣ дар иҷлосияи ММ ҳисобот дод

Салимзода Шерхони Одина, прокурори генералии Тоҷикистон дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ ҳисобот дод.

Зимнан, намояндагони палатаи болоии парлумон ҳисобти номбурдаро «Оид ба ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011» шунида, бо ба инобат гирифтани он, ҷиҳати тақвияти фаъолияти минбаъдаи  мақомоти прокуратура таъкид намуданд, ки  баҳри таъмини волоияти қонун беш аз ҳарвақта пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ва саривақт эътирозҳои воқеӣ овардан ба қонунпоймолкуниҳои субъектҳои ҳуқуқӣ, санадҳои ғайриқонунӣ қабулкардаи роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ новобаста аз таҷзияву тобеияти идоравӣ ногузир мебошад.

Ҳамзамон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, райиси ММ таваҷҷӯҳи прокурори генералиро барои тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ нигаронида, аз ҷумла таъкид сохт, ки дар доираи салоҳиятҳои худ баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурориро аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қудратию низомӣ, аз ҷумла кормандони прокуратура ва кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ва соҳибкорию хизматрасонӣ оид ба роҳандозии фаъолияташон дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ таври қатъӣ пурзӯр намояд.

Дар поёни иҷлосия Маҳмадсаид Убайдуллоев дастуру ҳидоятҳои худро оид ба тақвият бахшидан ба фаъолияти қонунгузорӣ ва таблиғотию кор бо ҷомеа аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ироа сохта, итминон баст, ки ҳар кадоми онҳо дар пиёдасозии сиёсати ҳукумат ва мароми ягонаи он- роҳандозии ҳаёти қонунсолорӣ аз тарафи кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба дастёбӣ дар рушди мамлакат саҳмгузор мегарданд.

 

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)