Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:30

Садамаи « MUSSO» бойиси марги 5 нафар гардид

30 май 2011, 06:32

Сониҳаи нақлиётӣ ҷони панҷ нафарро рабуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати БДА рӯзи ҷумъаи гузашта соати 13:00 автомашинаи тамғаи «MUSSO» рақами қайди давлатиаш 8153 АВЕЕ 02, ки онро Гадоев Нарзиқул, соли таваллудаш 1982, идора мекард дар километри чилуми шоҳроҳи Душанбе -Хуҷанд аз роҳ берун шуда ба дарёи Варзоб чаппа мешавад, ки дар натиҷа панҷ нафар мусофир - Гадоев Ҷумақул соли таваллудаш 1966, Ҷураев Сайдалӣ соли таваллудаш 1982, Фирӯз Абдураҳмонов соли таваллудаш 1984, Ҳасанов Ёқуб соли таваллудаш 1987, Ифтихори Амонқул соли таваллудаш 2008  ба ҳалокат мерасанд. Худи ронанда ва мусофири дигар - Гадоев Амонқул соли таваллудаш 1975 ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта айни ҳол дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Тавре Нозирҷон Муродов, масъули шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, аз авали соли ҷорӣ то имрӯз дар ҷумҳурӣ 468 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари ин зиёда аз 153 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин 531 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 садама камтар аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!