Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 03:04

Имомхатибони масоҷид дар Тоҷикистон дубора «имтиҳон» месупоранд

30 март 2012, 09:47

Тибқи иттилоъи Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар беш аз 300 имом-хатиби масҷидҳои кишвар мавриди санҷиши масъулин қарор хоҳанд гирифт.

Гуфтанист, ин комиссия, ки имомхатибонро имтиҳон мегирад, аз кормандони Кумитаи дин, Маркази исломӣ ва ниҳодҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия иборат мебошад ва ин марҳилаи навбатӣ дар моҳи апрел сурат мегирад.

Манбаъ афзуд, ҳадаф аз баргузории ин санҷиш, муайян кардани сатҳи саводу дониши диниву дунявӣ, таҷриба ва малакаи онҳо, ҷаҳонбинӣ ва таърихии имомхатибон ва номзадҳо ба ин вазифа аст. Ба қавли сарчашма,имомхатибон аз минбари масоҷид дар ҳузури мардумони зиёд сӯҳбат мекунанд ва онҳо бояд соҳиби маълумот ва огаҳӣ бошанд.  Санҷиши имомхатибони масҷидҳои панҷвақта тавассути комиссияи дар сатҳи маҳал, вале масоҷиди ҷомеъ бо ширкати намояндаи ин Кумита баргузор мешавад.

Ёдрас менамоем, дар соли 2011, аснои баргузории санҷиши 3 356 имомхатибон, 106 нафари онҳо аз ин санҷишҳо нагузашта буданд ва барои 300 нафари дигар фурсати ислоҳ дода шуда буд. Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 4 000 масҷиди марказиву ҷомеъ ва панҷвақта амал мекунад



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!