Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:12

Қатар иҷозаи ҳуҷум ба Эронро аз қаламраваш нахоҳад дод

30 март 2012, 10:25

Шайх Ҳамад бини Ҷасем оли Сонӣ, нахуствазири Қатар таъкид кардааст, ки кишвараш ба ҳеч давлат ин ҳақро намедиҳад.

Ӯ гуфта, ки: «Бисёр возеҳ аст, ки мо «оғоз»- ҳар гуна иқдоми таҳоҷуме алйҳи Эронро аз тариқи хоки Қатар нахоҳем пазируфт. Ин нуктаро оли Сонӣ аснои мусоҳибааш бо шабакаи хабарии «Ал-ҷазира» иброз дошта афзуд, эрониҳо ва амрикоиҳо медонанд, ки Қатар ҳар гуна иқдоми низомӣ зидди Эронро рад мекунад.

Амрико режими Исроил ва бархе аз ҳампаймонони ғарбиашро ҳамвора Теҳронро ба инҳироф аз барномаи сулҳомези энержи ҳастаӣ ва талош барои дастёбӣ ба ҷангафзорҳои ҳастаӣ муттаҳам кардаанд, аз ин иддаоҳо ба унвони баҳонае барои аъмоли таҳримҳои якҷониба ва байналмилалӣ, ҳамчунин таҳдид ба ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон истифода мекунанд.

Эрон бо радди ин иддаоҳо таъкид дорад,  ба унвони яке аз имзокунандагони паймони манъи густариши ҷангафзорҳои ҳастаӣ ва яке аз аъзои ожонси байналмилалии энержи атомӣ, аз ҳаққи тавсиа ва дастёбӣ ба технологияи сулҳомези энержи атомӣ бархурдор аст.

Вашингтон ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, дар сурати нокомии таҳримҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бар зидди миллати Эрон ва бо ҳадафи водор кардани Теҳрон ба таваққуфи барномаи энержи ҳастаияш, «гузинаҳои низомӣ» бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯйи миз қарр дорад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти эронӣ ваъда доданд ба ҳар гуна ҳамлаи низомӣ посухи дандоншикан хоҳад дод. Эрон таҳдид кардааст, ки чунин таҳоҷуме ба рӯй додани ҷанге мунҷар мешавад, ки манотиқе дарунтар аз Ховари Миёнаро дар бар хоҳад гирифт.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар байёния худ ба муносибати Наврӯз таъкид кард: «Миллати Эрон дар муқобили ҳар гуна таҳоҷуми эҳтимолӣ аз ҷониби Амрико ё режими Исроил дар ҳамон сатҳе, ки душман ҳамла кунад, ба онҳо ҳамла ҳоҳад кард: «Мо силоҳи атомӣ надорем, силоҳи атомӣ ҳам нахоҳем сохт, аммо дар муқобили таҳоҷуми душманон – чӣ Амрико ва чӣ режими саҳюнистӣ барои дифоъ аз худамон, дар ҳамон сатҳе, ки душман ҳамла кунад, ба онҳо ҳамла хоҳем кард».

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!