Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:54

Бохти Шалк аз Атлетик дар Лигаи футболи Аврупо

30 март 2012, 10:29

Бозии аввали даври ¼ финалии Лигаи футболи Аврупо миёни тимҳои "Шалк"-и Олмон ва "Атлетик"-и Испания бо ҳисоби 2:4 ба поён расид.

Ду тӯби "Шалк"-ро Раул ба нишон расонд. Муаллифи голҳои "Атлетик" бошад, Фернандо Лорент (ду гол), Оскар де Маркос ва Икер Муняин буданд.

 

Се бозии дигари даври чорякниҳоии сабқати мазкур бо ҳисоби якхелаи 2:1 ба нафъи соҳибони майдон анҷом шуд. "Спортинг"-и Лиссабон бар "Металлист"-и Харков, АЗ-и Ҳолланд бар "Валенсия" ва "Атлетико"-и Мадрид бар "Ганновер" дастболо шуданд. Бозиҳои ҷавобии ¼   финалии Лигаи Аврупо 5-уми апрел баргузор мешаванд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!