Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:22

Пулиси афғон 9 ҳамкорашро парронд

31 март 2012, 05:35

Вазорати умури дохилаи Афғонистон тайид карда, ки як маъмури пулис дар музофоти Пактико 9 ҳамкори худро куштааст.

 

Ба қавли Садиқ Сиддиқӣ, сухангӯи вазоратхонаи мазкур ин маъмури пулис шаби панҷшанбе замоне, ки ҳамтоёни дигараш дар постгоҳ хоб буданд, онҳоро тирборон кардааст.

Бар асоси гузоришҳои расида як бародари ин пулис, фармондеҳи постгоҳ ва ду писараш ҳам миёни кушташудагон ҳастанд.

Пештар гузориш шуда буд, ки фарди муҳоҷим ҳама силоҳҳои мавҷуд дар постгоҳро бо худ гирифта фирор кардааст, аммо сухангӯи ВКД-и Афғонистон мегӯяд, ин фард бомдоди рӯзи ҷумъа ҳамроҳ бо чанд нафари дигар кушта шудааст. Ҳанӯз ангезаи  ин куштор мушаххас нест, вале мақомоти давлати Афғонистон гурӯҳи толибонро дар ин ҳодиса гумонбар медонанд. Сиддиқӣ гуфтааст, касоне, ки ҳамроҳи фарди муҳоҷим кушта шудаанд, аъзои гурӯҳи толибон будаанд.

Забиҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи толибон ҳам таъйид карда, ки маъмури пулис бо онҳо иртибот дошт.

Ба гуфтаи сухангӯи ВКД ҳамаи афроди дар ин постгоҳ машғули хидмат узви пулиси маҳаллӣ буданд. Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки як рӯз қабл мақомҳои давлати Афғонистон аз поён расидани барномарезӣ барои оғози марҳилаи интиқоли масъулияти амниятӣ аз нерӯҳои хориҷӣ ба дохилӣ хабар дод.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!