Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:41

Қайроқум шимоли кишварро бо шишаи ватанӣ таъмин карданист

31 март 2012, 06:01

Тайи ду моҳи ахир ҶДММ «Корхонаи нонпазию қаннодӣ»-и шаҳри Қайроқум дар  ҳаҷми 35 ҳазор метрии мураббаъ шишаи сохтмонӣ истеҳсол кардааст.

Маблағи умумии маҳсулоти тавлидшуда беш аз 600 ҳазор сомонӣ рақам зада мешавад. Аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки иқтидори солонаи корхона 1,3 миллион метрии мураббаъ шишаи сохтумонӣ ва ҳудуди 25 миллион дона зарфҳои шишагинро ташкил медиҳад. Корхона моҳи марти соли гузашта ба фаъолияти шурӯъ кардааст. «Дар корхона 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, соли 2011-ум 225,6 ҳазор метрии мураббаъ шишаи сохтмонӣ ба маблағи 4,4 миллион сомонӣ истеҳсол гардид»,-мегӯяд манбаъ. Феълан дар корхонаи мазкур хатти технологии истеҳсоли бонкаҳои 1 ва 2 литра пурра насб шуда, 10 ҳазор дона бонка ба таври озмоишӣ истеҳсол шудааст. Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли бонка аз ҷумҳурии Хитой як хумдони дигар харидорӣ шуда, рӯзҳои наздик ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!