Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:10

Баҳс: Шаш рӯз гузашт. Тошканд ҳамоно хомӯш аст

2 апрел 2012, 09:19

Ӯзбакистон аз якуми апрели соли равон шурӯъ карда, интиқоли гази табииро ба Тоҷикистон қатъ намуд.

Ширкати «Тоҷиктрансгаз»-и Тоҷикистон дар робита ба ин тасмими қаблии Тошканд ҳанӯз 6 рӯз пеш унвонии мақомоти марбутаи Ӯзбакистон номаи расмӣ ирсол карда буд. Тавре  як манбаъи мӯътамад аз «Тоҷиктрансгаз» ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, аз ирсоли ин нома анқариб як ҳафта сипарӣ мешавад, вале ҳанӯз аз посухи Тошканд маълумоте рӯи даст надорем.

Бино ба иттилои ширкати «Тоҷиктрансгаз», дар ҳамин ҳол ҷониби Тукманистон изҳори омодагӣ кардааст, ки агар Ӯзбакистон роҳи транзити газиашро боз кунад, онҳо гази худро ба Тоҷикистон интиқол хоҳанд дод.

Маврид ба ёдоварист, Туркманистон танҳо аз тариқи қубури интиқоли гази Ӯзбакистон метавонад ба Тоҷикистон газ диҳад. Чанде қабл масъулини мақомоти зирабти ӯзбак тариқи номае бо ҳамтоёни тоҷики худ иттилоъ доданд, ки аз якуми апрел газаш барои қонеъ намудани талаботи Чин равона хоҳад шуд ва гази зиёдатӣ надорад, ки ба Тоҷикистон фурӯшад.

Ин дар ҳолест, ки масъулини Вазорати энергетика ва саноати кишвар мегӯянд, ҳаҷми истихроҷи шабонарӯзии газ дар Ӯзбакистн зиёда аз 200 миллион метри   мукаабро ташкил медиҳад, ки чунин ҳаҷм баробар ба интиқоли газ ба Тоҷикистон дар давоми як сол мебошад. Воридоти газ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон аз аввали соли равон 41 миллион метри мукаабро ташкил намудааст. Танҳо моҳи феврали ҳамин сол Ӯзбакистон ба Тоҷикистон ба миқдори 30,3 миллион метри кубӣ гази табиӣ ворид намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар Тошканд ҳайатҳои ду ҷониб сари масъалаи интиқоли газ ва роҳҳои ҳалли ин мушкил сари мизи гуфтушунид вориди баҳс гардидаанд. Ҷониби Тоҷикистонро дар ин нишаст Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» ва муовини ӯ- Шавкат Шоимов муаррифӣ доранд.

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!