Бахшҳо

Убайдуллоев: Офатҳои табиӣ бояд қабл аз вуқӯъ ҷилавгирӣ шаванд

Имрӯз (2-юми апрел) дар  Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ доир гашт.

Тибқи иттилои Шафкат Саидов, сухангӯи мири пойтахт, қабл аз ҳама дар ҷаласа Убайдуллоев масъулини шаҳрдорӣ, фаъолони пойтахт ва аҳли ҷамоатчигии шаҳрро барои саҳми арзандаашон дар баргузории чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз -2012 сидқан сипосмандӣ намуда, даъват ба миён овард, ки бо тавсеаи фаъолияташон баҳри татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба ободонӣ ҳиссагузорияшонро вусъат бахшанд.

Сипас, бо дахли масоили хоҷагидории шаҳр ва бо хулоса аз натиҷаҳои зимистонгузаронӣ ва бо назардошти боришоти барфи зиёд дар мавсим, инчунин эҳтимолияти боронҳои баҳорӣ баҳри омодагиҳо ба рафъи оқибатҳои селойӣ ва дигар пайомадҳои табиӣ дастур фармуд, ки ситодҳои дахлдори ҳолатҳои фавқуллода, ки фаъолияти шабонарӯзӣ доранд дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ зери масъулияти роҳбарони аввали муассисаву идораҳо фаъолияти пурсамари худро бо ҷалб намудани техникаҳои лозима ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута тавсеа бахшанд.

Манбаъ афзуд, дар робита ба ин таваҷҷӯҳи раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони дигар субъектҳои масъули соҳавӣ ба ҳолати тозагӣ ва коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр нигаронида шуда, дастур гардид, ки дар ин самт баҳри пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби селборишҳо фаъолияташонро пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон, Убайдуллоев ба масъулини шаҳрдорӣ супориш дод, ки барои харидории техникаҳои хурди коммуналии ба тозакунии пиёдароҳравҳо таъинотдошта бо анҷоми пажӯҳиши  дақиқ унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол созанд.

Инчунин вобаста ба тақвияти фаъолият нисбати вазъи санитарию экологии шаҳр ва маъракаи ниҳолшинонӣ Кумитаи ҳифзи табиати шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки муоина ва инвентаризатсияи дарахтони дар ҳамшафати хиёбону кӯчаҳои шаҳр мавҷудбударо то 1 майи соли 2012 ба анҷом расонида, тибқи тартиби муқарраргардида аз байн бурдани дарахтони ноустувор ва ба амнияти шаҳрвандон таҳдиддоштаро таъмин созад.

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)