Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 апрел 2017, 22:11

Муроҷиатномаи Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа

3 апрел 2012, 03:00

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, аз ҳукумати кишвар даъват мекунад, тафтиши дақиқ, беғаразона ва мустақили арзу шикоятҳоро оид ба шиканҷа гузаронад.

Шаҳрвандон - Искандархон Муртазоев, Бахтовар Қаҳҳоров ва Умедҷон Мирзоев дар мурофиаи судӣ дар ин бора изҳор доштаанд.

Зимнан, эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, аз изҳороти  онҳо оид ба истифода шудани шиканҷа нисбаташон, инчунин аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида нашудани тафтишоти мунсифона ва набудани вокуниш ба арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа, изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад.

Намояндагони Эътилоф бо дархости ҳимоятгари судшаванда Мирзоев У. ба ҳайси нозирон дар мурофиаи судии рӯзи 27-уми марти соли 2012, ки дар суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе бо айбдории Муртазоев И., Каҳҳоров Б. ва Мирзоев У. дар содир кардани ҷиноят аз рӯйи бандҳои «б, в», қисми 2, моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) баргузор гардид, ҳузур доштанд.

Тафсилоти бештар дар ин нишонӣ маҳфуз аст: http://www.ozodagon.tj/ms/item/16283

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!