Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Хитой ба Тоҷикистон техника медиҳад. 10 автобус ва 25 трактор

3 апрел 2012, 04:19

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон маросими расмии имзои санади таҳвилу қабули кӯмаки бебозгашти ҷумҳурии халқии Чин баргузор шуд.

Ин кӯмак аз 10 автобус ва 25 адад трактор, ки дар асоси гуфтушунидҳои дуҷонибаи қаблӣ амалӣ шудааст, иборат мебошад.

Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, санади марбутаро аз ҷониби Тоҷикистон Сайраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ва аз ҷониби Чин Хе Имин, сардори департаменти тиҷорати ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур ба имзо расониданд.

Маврид ба ёдоварист, Хитой аз зумраи он кишварҳое мебошад, ки дар бунёди роҳҳо, нерӯгоҳҳои хурду миёна ва умуман рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Айни замон беш аз 50 ширкати чинӣ дар бахшҳои мухталифи кишвар фаъолият доранд. Имсол аз ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон 20 сол пур шуд ва бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол меравад ҳаҷми умумии сармои Чин дар Тоҷикистон аз 1 миллиард доллар ҳам бештар бошад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!