Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 15:10

10 млн $-и Амрико. Ба касе, ки дар бораи Ҳофиз Муҳаммад Саид маълумот медиҳад

3 апрел 2012, 10:40

Мақомоти ИМА барои маълумоте, ки битавонад сабаби боздошти Ҳофиз Муҳаммад Саид, яке аз бунёдгузорони «Лашкари Тайиба» шавад, даҳ миллион доллар ваъда кардааст.

Ин хабар дар сомонаи ҳукуматии «Подоши адолатхоҳӣ» нашр шудааст.

«Ҳадя» барои маълумот оид ба муовини пешвои «Лашкари Тайиба» Ҳофиз Абдулло Раҳмон Маккӣ бошад, ду миллион доллар гуфта мешавад.

Гурӯҳи "Лашкари Тайба" дар амалиёти терористии шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дар соли 2008 муттаҳам мешавад. Он замон бар асари ҳамлаи террористон 166 нафар, бо шумули шаш табааи ИМА низ ба ҳалокат расиданд.

Баъди ҳамлаи Мумбай Саид дар Покистон ҳабси хонагӣ шуд. Аммо баъдтар додгоҳ ӯро бегуноҳ донист. Ҳиндустон талош дорад, аз тариқи пулиси байнулмилал- Интерпол Саидро боздошт ва муҷозот кунад. Расонаҳо менависанд, ки Саид ва Маккӣ дар ҳудуди Покистон ошкоро фаъолият мебаранд.

ИМА "Лашкари Тайиба"-ро моҳи декабри соли 2001 созмони террористӣ эълон кард. Моҳи апрели соли 2008 Вашингтон изҳор дошт, ки ҳамчунин масъалаи ба феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил кардани созмонҳои «Ҷамоат-уд-Даъва»-ро, ки зергурӯҳи қонунии «Лашкари Тайиба» дониста мешавад, баррасӣ хоҳад кард. «Ҷамоат-уд-Даъва» низ аз сӯи Саид таъсис ёфтааст.

Гурӯҳи «Лашкари тайиба» барои аз Ҳиндустон ҷудо кардани Кашмир мубориза мебарад.  Ин созмон аввалҳои солҳои 90-ум ба фаъолият оғоз кардааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!