Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 20 август 2017, 01:40

Ҳадяи баҳории «МегаФон» ба Озодагон

3 апрел 2012, 12:42

«МегаФон-Тоҷикистон» иди Баҳор ва Наврӯзро ба аҳли кормандони Озодагон табрик гуфт.

Ҷавонписаре аз ин ширкати мобилӣ бо номи Наврӯз ва гулдухтаре бо исми Баҳор пас аз зӯҳри имрӯз (3-юми апрел) вориди коргоҳи мо шуда, рамзи сарсабзиву баҳор- гандуми сабзи наврустаро тақдим доштанд.

Шаҳнози Комилзода, масъули хадамоти матбуотии «МегаФон» ин иқдоми «аҷиб», аммо ғайриоддии ширкатро шарҳ дода гуфт: « Ҳайрон нашавед, медонам, ки баҳор як моҳ қабл ба сарзамини мо қадам ранҷа кард, аммо ҳамроҳ бо барфу борону сардиҳои шадид. Ҳоло ки баҳори ҳақиқӣ шудааст, инак мо омадем ба табрики Шумо».

Аз Озодагон: Соли Наву Рӯзи Нав ва Баҳори Нав бар дӯстон муборак!

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!