Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Гиговатт Глобал ба Тоҷикистон таҷҳизоти барқи офтобӣ медиҳад

4 апрел 2012, 07:09

Миёни ширкати «Гиговатт Глобал» ва Вазорти энергетика ва саноати Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Тавре аз вазорати мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, тибқи санади баимзорасида бо ин ширкат дар самтҳои ҷалби сармоя, лоиҳакашӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии электростансияҳои офтобӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ хоҳад шуд: «Дар навбати аввал ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти барқи офтобӣ бо иқтидори 10 мВт насб карда шуда, минбаъд сотмони онҳо дар ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст».
Манбаъ таъкид намуд, ки ёддошти тафоҳум аз ҷониби Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат  ва президенти ширкати аврупоии «Гиговатт Глобал» Ҷозеф Абрамович ба имзо расонида шуд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!