Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:49

Душанбе боз мавзӯи муҳоҷирати меҳнатиро ба баррасӣ мегирад

4 апрел 2012, 10:42

Фардо, 5-уми апрел дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии назди хадамоти мазкур баргузор мешавад.

Баррасии иқдомҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва роҳандозии тасмимҳои илмӣ ва идорӣ, ки ба ҳалли мушкилоти муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад, аз мавзӯъҳои аслии матраҳ дар нишасти мазкур будааст. Аз Хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки ҳамчунин яке аз ҳадафҳои ҷаласа  таъмини ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, шарикони байналмилалӣ, истифодаи иқтидори онҳо барои баланд бардоштани самаранокӣ ва амалӣ намудани қонунҳои кишвар дар соҳаи муҳоҷират мебошад. «Дар ҷараёни нишаст муҳокимаи муштараки барномаҳои минтақавӣ, лоиҳаҳо ва грантҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби доннорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузоришаванда, ки дар Осиёи Марказӣ ва ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд матраҳ хоҳад гашт. Дар анҷоми мулоқот пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласа барои лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2013 ба тасвиб мерасад»,-афзуд манбаъ. Дар ин ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Точикистон, рӯзноманигорон, инчунин кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!