Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 27 апрел 2017, 12:13

«Тоҷиксемент» аз фаъолият бозмонд. Сабаб қатъи гази Ӯзбакистон

4 апрел 2012, 10:55

Дар пайи қатъ шудани интиқоли гази Ӯзбакистон фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» мутавақиф шудааст.

Дар ин бора як масъули корхонаи мазкур, ки худро Назаров муаррифӣ кард ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Номбурда аз шарҳи бештари мавзӯъ худдорӣ намуд. Маврид ба тазаккур аст, қаблан дар мавриди таъсири манфии иқдоми ҷониби Ӯзбакистон ба корхонаи алюминии тоҷик-«ТалКО» низ хабар дода шуд. «ТалКО» яке аз бузургтарин истифодабарандагони гази ҳамсоякишвар мебошад. Зимнан, масъулини корхона гуфтаанд, ки дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативӣ ҳастанд, ки ҷои газро иваз карда тавонад.Ӯзбакистон интиқоли сӯзишвории кабудашро ба Тоҷикистон  аз якуми апрели соли равон қатъ кард. Ин иқдомро масъулини «Узтрансгаз» ба афзоиши ҳаҷми интиқоли газ ба Русияву Чин рабт додаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!