Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:45

Мубориза бар зидди кирми меъда

4 апрел 2012, 11:22

Аз  16 то 27-уми апрели соли ҷорӣ дар саросари кишвар даври аввали мубориза бар зидди кирми меъда бо истифодаи доруии «Албендозол» гузаронида мешавад.

Тавре ба Озодагон аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, бо ташаббуси Вазорат ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ чорабинии мазкур дар байни кўдакони синни томактабӣ, мактабӣ ва занҳои  миёнсол амалӣ гардонида мешавад.

Манбаъ афзуд, ки даври дуюми ин чорабинӣ аз 17 то 28-уми сентябри соли 2012 сурат мепазирад. Ҳадафи асосии чорабинии мазкур паст кардани сатҳи сироятнокии аҳолӣ бо гелминтозҳо ва кам намудани миқдори гелминтҳо дар бадани кўдакону наврасон мебошад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!