Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 18 август 2017, 06:07

Маргталаб 9 нафарро кушт

4 апрел 2012, 11:46

Дар пайи таркише, ки имрӯз аз сӯи як фидоӣ дар шаҳри Майманаи музофоти Фороб анҷом шуд, 9 нафар ба ҳалокат расиданд.

 

Абдул Холиқ Аксайӣ, раҳбари пулиси музофоти Фароб гуфтааст, инфиҷор тақрибан соатҳои 11:00 ба вуқӯъ пайвастааст. Фидоии савори мотосикл худро назди корвони мошинҳои нерӯҳои хориҷӣ таркондааст. Ба қавли Абдул Холиқ чор тан аз кушташудаҳо кормандони пулиси Афғонистон, чор нафари дигар хидматчиёни ҳарбии хориҷӣ ва як тарҷумон будаанд. Ҳамчунин, бар асари таркиш 26 каси дигар захм бардоштааст, ки аксарияти онҳо сокинони осоиштаанд.

То ҳанӯз масъулияти ин амалро ҳеч гурӯҳе бар зима нагирифтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!