Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:32

«Реал» ва «Челси» ба даври ниманиҳойии Лигаи қаҳрамонҳо роҳхат гирифтанд

5 апрел 2012, 03:17

Клуби «Реал»-и Испания дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо АПОЭЛ-и Кипрро шикаст дод.

Ин дидор дар Мадрид бо ҳисоби 5:2 поён ёфт. Акнун «Реал» дар қисмати ниманиҳойӣ бо тими «Бовария»-и Олмон вориди рақобат мешавад.

Ду тӯби «Реал»-ро Криштиану Роналду ба дарвозаи АПОЭЛ ворид кард. Кака, Хосе Калехон ва Анхел ди Мария як голӣ заданд. Муаллифи тӯбҳои ҷавобӣ бошад, Густаво Мандука ва Эстебан Солари буданд.

Рӯзи гузашта ҳамчунин бозии дуюми 1/4 финалӣ миёни «Челси»-и Англия ва «Бенфик»-и Португалия баргузор шуд. Клуби Лондон дар майдони худ ҳарифашро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард ва дар даври ниманиҳойии Лигаи қаҳрамонҳо бо "Барселона"-и Испания бозӣ мекунад.

Фрэнк Лэмпард аввалин шуда ҳисобро боз кард ва «Челси»-ро як қадам ба пеш бурд. Дар дақиқаи 86-ум нимҳимоятгари "Бенфик" Хави Гарсия ҳисобро баробар намуд. Вақти асосӣ мусовӣ ба охир расид. Дар вақти иловашуда Раул Мейрелеш тавонист ғалабаи комили «Челси»-ро таъмин намояд.

Ёдовар мешавем, дар бозиҳои аввали чорякниҳойӣ низ "Реал" ва "Челси" дастболо шуда буданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!