Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Ҳамрохон Зарифӣ ба Қазоқистон рафт

5 апрел 2012, 04:04

Субҳи имрӯз, 5-уми апрел Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳри Остона сафар кард.

Дар ин бора ба Озодагон аз вазорати умури хориҷӣ иттилоъ доданд.

Бино ба хабари манбаъ Ҳамрохон Зарифӣ дар пойтахти Қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ширкат мекунад.

Таҳкими марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон дар пайи ба ихтиёри нерӯҳои афғон вогузор кардани таъмини амният дар кишвари исломӣ ва ҳамчунин ташкили транзити борҳои нерӯҳои байналмилалӣ ба Афғонистон аз мавзӯҳҳои меҳварии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД гуфта мешавад.

Ҳамчунин, баррасии вазъи Ховари Миёна, Осиёи Ғарбӣ ва Африқои Шимолӣ низ дар назар гирифта шудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!