Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 16:34

Тоҷикистон дар рейтинги рушди технологияи иттилоотӣ-мухобиротӣ 114-ум аст

5 апрел 2012, 05:16

Дар гузориши тозаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ), ки мизони рушди фанновариҳо дар 142 кишвари ҷаҳонро барои соли 2011 раддабандӣ кардааст,

Тоҷикистон дар зинаи 114-ум мақом дорад. Миёни кишварҳои ИДМ Қазоқистон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Пажӯҳишгарони ФҶИ онро дар мақоми 55-уми рейтинг нишондаанд. Нишондоди кишварҳои дигар чунин аст:  Русия 56, Озорбойҷон 61, Укроин 75, Молдов 78, Арманистон 94 ва Қирғизистон 115-ум. Аз давлатҳои пасошӯравӣ бошад, нишондоди беҳтарро Эстония (24), Литва (31), Латвия (41) ва Гурҷистон (88) соҳибанд.

 

Швейсия, Сингапур, Финляндия, Дания, Швейсария, Ҳоланд, Норвегия, ИМА, Канада ва Бритониёи Кабир чун солҳои қаблӣ даҳгонаи аввалро муаррифӣ мекунанд.

Дар охирин зинаҳо Чад, Мавритания, Ангола Яман ва Гаитӣ нишастаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!