Бахшҳо

Тоҷикистон ба ҳама тааҳҳудоти байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва манъи шиканҷаву хушунат пойбанд аст

Дар Тоҷикистон базаи қонунӣ-ҳуқуқии такмилёфта оид ба муқобилият бо шиканҷа таъсис шудааст.

Ин нуқтаро Маҳкам Маҳмудов, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовар зикр намуд.

Дар ин дидор  Маризо Халифазода, сардори раёсати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи мухаддири Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Лилия Захариева, мушовири дафтари Комиссарияти олии СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Маҳкам Маҳмудов ҳамчунин иброз дошт, ки Тоҷикистон ба ҳама тааҳҳудоти байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва манъи шиканҷаву хушунат пойбанд аст. Зимнан, Маризо Халифазода гуфт, ки айни замон бо назардошти меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон иловаҳо ворид шудаанд: «Дар ин аснод аз ҷумла гуфта мешавад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои алоқаманд ба шиканҷа ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 15 сол, ҳамчунин маҳрум намудан аз ҳаққи ишғоли вазифа дар оянда пешбинӣ шудааст».

Маврид ба ёдоварист, соли 1995 Тоҷикистон Муоҳада бар зидди шиканҷа ва дигар муносибатҳо ё ҷазодиҳии бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаро, ки Ассамблеяи Генералии СММ соли 1884 қабул карда буд, расман пазируфт. Соли 2010 бо Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз ҷумлаи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, Прокуратураи генералӣ, судҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин намояндаи раёсати Комиссарияти олии СММ оид ба ҳуқуқи башар ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ як гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки вазифаи он роҳандозии семинарҳо ва мулоқот бо кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар оид ба шиканҷа мебошад. Дидори намояндагони гурӯҳи ёдшуда бо кормандони Агентӣ низ аз ҳамин силсиламулоқотҳои он бо намояндагони сохторҳои қудратӣ ба шумор мерафт.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)