Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 16:53

Ҳавопаймои чоруми КҲФ бо кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон расид

5 апрел 2012, 10:26

Имрӯз, 5-уми апрел боз як тайёраи ҳомили кӯмакҳои башардӯстонаи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Русия ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

Ба иттилои КҲФ ҳавопаймои Ил-76 бо 37,7 тонна кӯмакҳо аз фурудгоҳи «Раменское»

парвоз кардааст. Гуфтанист, ин чорумин тайёраест, ки ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона мерасонад. Оғози моҳи март як ҳавопаймо ва сеюму чоруми апрел ду тайёраи дигар бо кӯмакҳо ба Тоҷикистон парвоз карданд. Кӯмакҳои башардӯстонаи Русия аз хаймаҳои зимистона ва тобистона, бухориҳо, маҳаррики барқӣ-дизелӣ, таҷҳизот барои наҷотдиҳӣ ва маҳсулоти гушт ва консерв иборатанд.

Ин кӯмакҳо бо дастури президенти Русия Дмитрий Медведев ироа шудаанд. Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати телефонӣ аз Владимир Путин, сарвазири Русия дархости кӯмак карда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!