Бахшҳо

Вазорати энергетика ва саноат: Ҳарфҳои Сӯҳроб Шарипов беасосанд

Дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» аз сӯи вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар Сӯҳроб Шарипов фаъолияти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистонро зери интиқод гирифт.

Ба дунбол Вазорати энергетика ва саноати кишвар мегӯяд, ҳарфҳои Сӯҳроб Шарипов асоси воқеӣ надоранд.

«Сӯҳроб Шарипов солҳои тӯлонӣ ба ҳайси роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон фаъолият намуда, мутаассифона нисбат ба сиёсати  муайяншудаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ва дар ин самт корҳое, ки таҳти роҳбарии бевоситаи роҳбари давлат дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ба анҷом расидааст, изҳори беиттилоӣ менамояд, ё ин ки баҳои беасос медиҳад»,- омадааст дар баёнияи Вазорати энергетика ва саноат. Мавризи ёдоварист, Сӯҳроб Шарипов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 4 апрел аз фаъолияти вазорати энергетика ва саноати кишвар дар мавриди камбуди барқ шадидан интиқод кард. Сӯҳроб Шарипов зимни баррасии тарҳи қонуни нав "Дар бораи ангиштр" гуфт, ки дар сурати таъмини гармӣ дар манозили сокинони шаҳрҳо то 70 дарсади нерӯи барқ дар Тоҷикистон сарфаҷӯйӣ мешавад. Вай аз Гул Шералӣ, вазири энерергетика ва саноати кишвар суол кард, ки чаро дар тӯли даҳ соли ахир дар кишвар ҳеҷ нерӯгоҳи ҳароратӣ бунёд нашудааст? Номбурда ҳамчунин гуфт: "Тибқи иттилое, ки дар даст дорем, чанд созишнома дар бораи сохтмони чунин нерӯгоҳҳо бо кишварҳои хориҷӣ имзо шудааст. Чӣ омил вуҷуд дорад, ки ин тарҳҳо иҷро намешаванд?"

Ба навишатаи бархе аз расонаҳои хабарӣ посухи Гул Шералӣ ба ин суоли вакил чандон дақиқ набуд. Вай асосан дар бораи тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ҳарф мезад ва танҳо гуфт, ки ҳоло сохтмони нерӯгоҳҳои ҳароратӣ дар Душанбе ва дар наздикии ноҳияи Конибодом, дар шимоли кишвар дар назар аст. Аммо дар баёнияи Вазорат энергетика ва саноат гуфта мешавад, ки Сӯҳроб Шарипов ҳамчун вакил аз дастовардҳои соҳа бехабар буда, метавонист ҳамчун вакил ё ин ки шаҳрванд оид ба дастовардҳои соҳаи энергетика ва саноат аз вазорат маълумоти дақиқ дастрас намояд: «Шурӯъ аз соли 2000-ум соҳаи ангишт аз пастравӣ рӯ ба инкишоф ниҳод. Вазорат бо дастгирии бевоситаи ҳукумат тавонист, шумораи корхонаҳои соҳаро аз 2 ба 14 расонад. Истихроҷи ангишт аз 20 ҳазор то 236 ҳазор тонна дар як сол расонида шуд. Ин шароит фароҳам овард, ки 80 корхонаи соҳаи саноати маводи сохтмон, 27 корхонаи металлургӣ, 17 корхонаи консервабарорӣ, 6 корхонаи сементбарорӣ, 1 корхонаи шишабарорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фаъолияташонро бо истифода аз ангишт ба роҳ монанд, ки ин вобастагии онҳоро аз гази табиӣ ва қувваи барқ озод намуда, ба фаъолияти мунтазами онҳо мусоидат намуд. Ҳамзамон, технологияи коркарди хокаи ангишт барои истеҳсоли брикет ва аз ангишт истеҳсол намудани газ ба роҳ монда шуд. Тавре ба назар мерасад, бо дарки мушкилоти нерӯи энергетикӣ, Вазорат барои гузаронидани корхонаҳои саноатӣ ба  истифода аз ангишт қабл аз ҳолати имрӯза, яъне пурра қатъ гардидани гази табиӣ ба кишвар, боло рафтани арзиши сӯзишворӣ якчанд сол қабл оғоз намуда, шумораи умумии ин гуна корхонаҳоро ба 131 адад расонид. Ба соҳа зиёда аз 7 миллион сомонӣ дастгирии молиявии давлатӣ ва 14 миллион доллари ИМА сармоя ворид карда шуд, ки ин базаи техникии корхонаҳоро мустаҳкам намуд. Воридоти техникаҳои махсуси кӯҳӣ аз 35 то 213 адад расонида шуд».

Масъулини Вазорати энергетика ва саноат вобаста ба баҳодиҳии Сӯҳроб Шарипов таъкид намудаанд, ки дар соҳаи нафту газ маҳз баъд аз таъсис додани Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ аввалин бор дар бист соли охир корҳои иктишофӣ-геологӣ оғоз гардидааст.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)