Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:05

Раиси вилоят мӯҳлат дод. То 1 июн

5 апрел 2012, 12:56

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд зимни ҷаласаи корӣ изҳор дошт, ки аз сатҳи таҷлили Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд қаноатманд нест.

Номбурда гуфт, ки ҳарчанд захираву имкониятҳои бойи эҷодӣ дар маркази вилоят мавҷуданд, аммо дар чорабиниҳои ҷашнӣ   ба қадри зарурӣ ҷалб нашудаанд. «Истеъдодҳои назаррасро аз ноҳияҳои Ғончиву Конибодом ва дигар навоҳии минтақа, ки Наврӯзи имсоларо дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифтанд, барои шукуҳу таровати тозаи чорабинии Наврӯзи вилоятӣ ҷалб кардан лозим буд», -афзуд Қоҳир Расулзода.

Раиси вилоят дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки дар пеш баргузории ҷашнҳои бузурги сатҳи умумиҷумҳуриявӣ дар вилоят ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, чорабинии бошукӯҳ ба муносибати бозшавии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва нақби Шаҳристон, ки дар шаҳри Истаравшан доир мешавад. Гуфтанист, сохтмони нақби Шаҳристон соли 2006 оғоз гардида, аз ҷануб дар 2760 ва аз шимол дар баландии 2740 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Қисмати  нақлиётгарди нақб 5253 метр ва қисми ҳавогузари он 5289 метр дарозӣ доранд.

Ба муносибати баргузории ин чорабинӣ дар шаҳри Истаравшан корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Аз ҷумла, азнавсозии варзишгоҳи марказии шаҳр барои 20 ҳазор ҷои нишаст.  Раиси вилоят дастур дод, ки баробари диққати ҷиддӣ додан ба сифати корҳо, ҳамчунин суръати сохтмон низ ба маротиб тезонда шавад. Қоҳир Расулзода ба масъулин то 1 июни соли равон мӯҳлат дод, то корҳои сохтмонӣ ба анҷом расад. Дар шаҳри Истаравшан илова бар ин, таъмири роҳҳои марказӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз даҳаи сеюми моҳи равон шӯруъ мешавад. Тибки нақша 4,2 километр роҳ бо сифати баланд мумфарш мегардад.

Дар  ин бора ба хабарнигори  Озодагон аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!