Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:27

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳо барои аз селу жола ҳифз кардани сокинон аз президент дастур гирифтанд

6 апрел 2012, 04:06

Раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Конибодом, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар сӯҳбати телефоние ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамъбасти фаъолиятҳои семоҳаи худ ҳисобот доданд.

Тавре аз хадамоти матбуотии президент ба Озодагон гуфтанд, Эмомалӣ Раҳмон зимни гуфтугӯи телефонӣ доир ба тезондани киштукори сабзавот, пахта ва дигар зироатҳо, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва таъмини кишоварзон бо техника, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои аз истифодаи кишоварзӣ дур намондани заминҳои корам аз ҳар рӯзи офтобӣ бояд пурсамар баҳрабардорӣ шавад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии рухдода ва ҳолатҳои эҳтимолии фавқулоддаи оянда зоҳир гардид. Дастур дода шуд, ки барои ҳифзи мардум аз хавфи фурӯд омадани ярчу тарма, обхезӣ, боронҳои селу жола ва дигар офатҳои табиӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.

 

Ёдовар мешавем, 4-уми апрел ҳамчунин раисони шаҳру навоҳии Фархор, Данғара, Ёвон, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир,Ҷиликул, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд аз кори семоҳаи худ телефонӣ ба сарвари давлат ҳисобот дода буданд.

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!