Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 17:10

Дар Суғд духтарони бепарасторро дузандагӣ меомӯзанд

6 апрел 2012, 05:49

Дар шимоли кишвар ду маркази омӯзишии дузандагӣ барои бонувон ифтитоҳ шуд.

Аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба Озодагон гуфтанд, ки марказҳои омӯзишӣ дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Ашт бо кӯмаки кумитаи Имдоди Имом Ҳумайнии ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон боз шудааст. Дар ин марказҳои таълимӣ аксаран духтарони ятиму бепарастор давоми се моҳ дар ду баст нозукиҳои дузандагиро аз худ хоҳанд кард.

Азимбой Азизов, раиси ноҳияи Ашт дар маросими ифтитоҳи маркази омӯзишӣ ба ҳамкориҳои муштарак бо ҷумҳурии Эрон ишора карда гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин кишвари ҳамзабон барномаҳои мухталифи судмандро дар Тоҷикистон амалӣ кардааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!