Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:14

2011-05-04 11:37

4 май 2011, 06:37

Анҷумани  «Ҳаҷ-иттиҳоди муслимин» дар Маскав баргузор мегардад. Дар ин бора раиси Шӯрои муфтиёни Русия шайх Равил Ғайнутдин зимни вохӯрӣ бо раиси Шӯро

оид ба умури ҳаҷи Русия Илёс Умахонов иброз кард.Ӯ гуфт, ин конфронс тамоми масоили вобаста ба ҳаҷи имсолаи мусулмонони муқими Русия, аз ҷумла мухоҷирине, ки мехоханд аз роҳи Русия хонаи Худоро зиёрат намоянд, баррасӣ ва таҳлил хоҳад кард. Ба суоли оё ба ҳама хохишмандон, агарчӣ шаҳрванди Русия набошанду хоҳиши рафтан ба ҳаҷро дошта бошанд, имкони баробар бо дигарон манзур карда мешавад, Шайх Равил Ғайнутдин гуфт, дар мавриди аввал хоҳишмандони табаияти Русияро дошта, тибқи квотаи пешниҳодгардида ба ҳаҷ фиристода мешавад. Аммо имсол Шӯро оид ба умури ҳаҷ  бар асоси афзудани теъдоди довталабони зиёрати хонаи Худо ба Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ дархости нав ирсол кардааст ва дар ин самт  гуфтушунид натиҷаҳо умедбахшанд, -хулоса кард Муфтии мусулмонони Русия Равил Ғайнутдин. Конфронси мазкур дар моҳи июни соли равон, бо пуштибонии молии Маркази фарҳангии Эрон дар Маскав сурат хоҳад гирифт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!