Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 13:40

Барои даъвати раисҷумҳур ба парлумон баҳонаи ҷиддӣ вуҷуд надорад?

6 апрел 2012, 06:09

Хабари ҳисоботи Маҳмуди Аҳмадинажод назди вакилони мардумии ҷумҳурии исломии Эрон нимаи дуввуми моҳи март дар сархати расонаҳо буд.

Вакилони Эрон ба Маҳмуди Аҳмадинажод бештар бо суолҳо дар мавриди сиёсати хориҷӣ, дохилӣ ва масрафи буҷаи давлатӣ муроҷиат мекарданд.  Аммо дар Тоҷикистон баъд аз истиқлол бо хоҳиши вакилон ҳисобот додани раиси ҷумҳур боре ҳам таҷриба нашудааст. Сӯҳроб Шарипов, вакили маҷлиси намояндагон мегӯяд, тибқи сарқонуни Тоҷикистон парлумон ҳуқуқ дорад, барои шарҳи баъзе аз масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву иҷрои буҷаи давлатӣ аз президенти кишвар ҳисобот талаб намояд: "Албатта ин маънои онро надорад, ки дар робита ба ҳар масъала мо метавонем Эмомалӣ Раҳмонро ба парлумон даъват намоем. Барои даъвати раисҷумҳур бояд баҳонаи ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад. Аз ин ки то имрӯз парлумони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳисобот даъват накардаанд, инҷо танҳо гуноҳи вакилони мардумист. Онҳо ҳисоботи раиси ҷумҳурро дар робита ба масоили кишвар зарур нашумориданд. Агар вакилони мардумӣ то имрӯз иқдоме барои даъвати президент мекарданд, ба назир ман чунин пешниҳодашон ҳеч вақт ҷавоби манфӣ намегирифт".

Идомаи матлабро бо нохун задан рӯи ин нишонӣ мутолиа намоед:   http://www.ozodagon.tj/s/item/16297



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!